ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 31.05.2023 сол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дар боғи марказии марказии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия Шаҳритус Мирзобадалзода Комил ва Мақсудаи Нарзулло, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонон, варзишгарони ҷавон, тарбиятгирандагони боғчаҳои кудаконаи ҳудуди ноҳия ва сокинону меҳмонони ноҳия, чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ як қатор тарбиятдиҳандагони боғчаҳои кудакона бо туҳфаҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдони карда шуданд. Инчунин чорабинии фарҳангӣ бо ташкили намоишгоҳи ҳунарҳои мардуми аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва базми консерти бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.