“Дунёи кӯдакии ман”

Левакант:  

Имрӯз 30-юми май, тибқи нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳр, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон таҳти унвони “Дунёи кӯдакии ман” чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло,  котиби ташкилоти ибтидоии мазкур-Вализода Берди Раҷаб, намояндагони бахши маориф-Шейхова Шарофат,  вакили халқии шаҳр Авғонова Мастона, мудири муассисаи томактабии мазкур-Каримова Дилором, мураббиён ва тарбиятгирандагони муассиса иштирок доштанд.

Дар ин рӯз мурабияҳо ва тарбиятгирандагони муассиса барномаи рангини омодакардаи идонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки аз суруду тарона, рақс, машғулиятҳои гуногун, саҳнаҳо аз рӯи афсонаҳои халқи тоҷикро манзури бинандагон гардониданд.

Ба иттилои масъулини бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, чунин чорабиниҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ гузаронида шуда истодаанд.

Боиси зикр аст, ки ҳамасола 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ миёни кӯдакону наврасон дар сатҳи хеле хуб гузаронида мешавад.