МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН

Фархор: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Файзалӣ Раҳмоналӣ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия баргузор карда шуд. Дар вохӯри инчунин вакили Маҷлиси вакилони Халқи ноҳияи Фархор Ятимова Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд Зимни суханронӣ Ятимова Рухшона дар масъалаи одоти сухангуии ҷавонон баромад намуда иброз доштанд, ки сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад. Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад. Пайдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқро барпо созад ё метавонад иттифоқи бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гӯяндаи он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи оқилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангӯй метавонад дили хуфтаро бедор ва ақли хастаро ҳушёр созад. Ҳамзамон Файзали Раҳмоналӣ дар навбати худ ибро зоштанд, ки фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асоси мебозад.Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.