Шанбегӣ баҳри тозагӣ ва ободии муҳити атроф

Панҷ:  

3-юми декабр кормандони ташкилоти ибтидоии “Мавзуна Чориева” дар саҳни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баҳри зебогии  атрофи бинои ҳизб гулҳои рангоранг шинонданд. Ҳамаи кормандон баҳри тоза намудани гирду атрофи корхона ба шанбегии дастаҷамъона баромадада, гирду атрофи корхона  ва бехи дарахтони атрофи он рӯбучин ва нарм карда шуда, аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки минбаъд чунин ташаббусҳо ва корҳои тозагию ободонӣ ҳар рӯзи шанбе бо иштироки кормандони ҳамаи ташкилоту идораҳои ноҳия  ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида, бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба шанбегӣ хоҳанд баромад.