Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумист!

Ш.Шоҳин:  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи ғояи ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон дар муддати 28 соли мавҷудияташ  аксари орзую омоли мардуми Тоҷикистонро ба ҳақиқат табдил дод. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ бо такя ба арзишҳои фарҳангию миллӣ дар доираи Барнома ва Оиннома амал намуда, тамоми неруҳои мухолифу гуногунандешро барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва якпорчагию давлатсозӣ сари мизи гуфтушунид водор кард. Агар дар аввал назари мардум ба ин ҳизби мардумӣ норушан буд, вале дар минбаъда бо татбиќи як ќатор барномаю чорабиниҳои сиёсию давлатӣ кулли мардуми кишвар эҳсос карданд, ки ин ҳизб дар заминаи арзишҳои фарҳангию сиёсии миллат ташаккул ёфта, маќсаду маромаш сулҳу ваҳдат ва пешравию тараққиёти давлат мањсуб меёбад.

    Ва, воқеан дар 28 соли фаъолияти ин ҳизб собит шуд, ки аксари нишондиҳандаҳои дар замони Шӯравӣ иҷронашаванда дар замони муосир бо ҷаҳду талошҳо ва кӯшишу ғайрати Роҳбарияти Олии сиёсии ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзои ватандӯсти он ҳалли дурусти худро ёфтанд.

    Бо қабули Барномаи амал дар давраҳои гуногун Тоҷикистон аз вартаи вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти рафту омад ба ҳама минтақаҳои кишвар, хизматрасонии сифатноки коммуникатсионӣ бо роҳи ба истифода додани иншоотҳои гуногуни энергетикӣ баромад ва ин ҳизб воқеан бо содиқона хизмат намудани  ҳама аъзоёнаш  ба халқу Ватан исбот кард, ки тамоми марому мақсадаш хизмат ба мардум ва пешрафти кишвару давлат мебошад.

   Бояд донист, ки тамоми фаъолияти имрӯза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамсонанд ва маҳз амалӣ сохтани ҳадафу Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боис ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат гардида истодааст. 

    Дар 28 сол арзи ҳастии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии мамлакат њама хурду бузурги кишварамон эҳсоси амн карда, имрӯзњо ба рушду пешрафти кишвар эътимоду боварии зиёд доранд. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои аксари насли ҷавон мояи ифтихор ва ҳамқадам будан ба мактаби бузурги сиёсату мардонагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонон тайи чанд соли охир тамоюли зиёдшавӣ дошта, сокинон масъулияти ватансозии худро дар аъзои ин неруи сиёсӣ будан ҷиддан дарк мекунанд.

   Барои фаъолияти босуботи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар пояи арзишҳои умумиллӣ зери ғояи созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба арсаи сиёсат омадааст, дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ хеле фаъолияти фарроху ояндабинии ҷиддӣ тақозо мегардид. Зеро аксари аъзои дигар аҳзоби сиёсӣ  ба фаъолияти ин ҳизби навтаъсис эътимод надоштанд ва мавҷудияти онро ғайримунсифона баҳогузорӣ мекарданд. Вақт муайян кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масъалаи банақшагирию амалисозии Барнома ва Оинномаи худ ба неруи инсонӣ ва донишу маҳорати ҳар як аъзои фаъолаш такя мекунад ва асоси пайдоиши он аз миёни мардум ва шиори ҳамешагиаш хизмати содиќонаю софдилона ба манфиати халқу Ватан аст.

                                                                 Неъматов Абдуҷаббор-муовини раиси 

                                                                 Ки ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин