АКСИЯ: “ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зимни баргузории маросими роҳпаймоӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аксияи таблиғотиро баргузор намуда, ба сокинони ноҳия ҳамчун рамзи садоқату эҳтиром ва нишонаи арҷгузорӣ парчамҳо дастрас намуданд. Ҳамзамон мардуми шарифи кишвар ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. 

 Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни баргузории Аксияи мазкур бобати паҳлуҳои таърихию муқаддас нигоҳ доштани парчам ба сифати рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Парчами миллии Тоҷикистон рамзи якдилӣ, сарҷамъи, иттиҳоду муттаҳидӣ, нишони давлатдорӣ мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандору меҳанпараст, худогоҳу худшинос мебошад