Баргузор гардидани барномаи фарҳангию театркунонидашуда бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ

Бохтар:  

Баъди роҳпаймои дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар иштирокчиёну меҳмонон ба Майдони парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда дар сутунпояи парчам гулчанбар баҳри арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ гузошта шуд. Сипас бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, муовинон ва дигар раисони ташкилоту муассисаҳои вилоятию шаҳри барномаи фарҳангию театркунонидашуда аз тарафи бахши Фарҳанги шаҳри Бохтар дар иҷрои ҳунармандони асили шаҳр пешкаш гардид.Майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар бо гулҳои ороиши ва мавсими ба муносибати эҳтироми муқаддасоти миллӣ дар сатҳи олӣ оро дода шуда парчампояҳо дар тамоми ҳудуди шаҳр ва ҷойҳои серодам барафрохта шуданд. Аз ин бармеояд, ки сокинони шаҳр дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор буда дар пешбурд ва гулгуншукуфои ватани азизу маҳбубамон саҳмгузоранд. Дар майдони парчами давлатӣ гулчамбар гузошта, чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.