ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бохтар:  

Дар саҳни факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, аз ҷониби Рустам Тағоймуродов, профессори факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Нақши забони тоҷикӣ дар фарҳанг ва сиёсати давлатдорӣ” маърӯза пешниҳод намуданд.

Бояд тазаккур намуд, ки ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати одамон буда, танҳо ҷамъият қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.

Дар хотима барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии шаҳри  Бохтар ба номи Носири Хусрав