ЗАБОН АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 5 октябри соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30–и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, директор, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 чорабинӣ бахшида ба "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус иброз гардид, ки пос  доштани забони давлатӣ на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки барои ҳар фарди бедордилу худогоҳ меъёри номусу нанг аст. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳараки қимматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Инчунин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур, низ бахшида ба «Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карданд. Дар охир чорабинии ба як қатор омузгорони муассисаи мазкур, барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва рўҳияи баланди ватандўстӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.