ТАШАББУСИ НАВБАТӢ АЗ ТАРАФИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд, кӯмак расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ дар арафаи иду ҷашнвораҳои миллии кишвар корҳои назаррас анҷом ёфта истодааст.

Яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми Шарқ, хосса тоҷикон меҳрубониву дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбати дармондагону маъюбон аст, ки аз менталитети азалан инсонпарваронаи миллати нармдилу хайрхоҳ ва савобандеши мо маншаъ мегирад. Бузургони мо дастгирию кӯмак ба ин қишри осебпазири ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд. Ҳанӯз 1000 сол муқаддам устод Рӯдакӣ инсонро ба қаноатварзию шикастанафсӣ ва дастгирии ин табақаи ба истилоҳи имрӯза  «имкониятҳояшон маҳдуд»  ҳидоят карданд ва камоли мардиву футувватро аз ҳамин кирдори накӯтарини инсонӣ иборат донистанд.

Бо  ин мақсад аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба шахсони саховатманд дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр ба як қатор оилаҳои камбизоат ва шахсони  барҷомондаву имконияташон маҳдуд кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.

 

                  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи 

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.