АЗ РАФТИ ИШТИРОКИ СОБИҚАДОРОН ДАР РАФТИ ДАРСИДИҲИИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

Вахш:  

Халқи тоҷик аз азал миллати бофарҳангу тамаддундор буда, дар ҳама давру замон дар омӯзиш ва баланд бардоштани савияи дониши аҳолии кишвар аҳамияти ҷидди ва зарури дода мешуд, ки ин анъанаи нек  дар замони соҳибистиқлолии кишвар  зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат вусъати нав ба худ касб карда, дар ин самт корҳои заруриву саривақти баргузор карда мешавад.

Тоҷикистони азизи моро, ки қисми зиёди онро ҷавонон ташкил медиҳанд ин қувваи бузургро имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар дидан мумкин аст, бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои сиёсиву фарҳангии кишвар дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи омӯзгорони ботаҷриба ва собиқадор рафти дарсдиҳии омӯзгорони ҷавон мавриди санҷиши доими қарор дода мешавад, ки ин навбат омӯзгорони бо таҷрибаи ноҳия дар рафти дарсдиҳии омӯзгорони ҷавони МТМУ №13 иштирок намуданд ва ба онҳо ёриии методӣ дода шуд.