БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОН

Вахш:  

Пас аз бадаст овардани Истиқлолияти давлатӣ масоили маориф, омӯзишу парвариш, сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мадди аввали сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтаанд, дар ин замина ба мақсади дуруст ба роҳ мондаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар як қатор санаду қарорҳои зарурӣ қабул карда шудааст.

Таърихи 7 майи соли ҷорӣ ба мақсади шаффоф ва дар доираи қонунуҳои амалкунандаи соҳа гузаронидани аттестатсияҳои давлатии хатм ва аз синф ба синф гузаронии хонандагон семинари омӯзиши дар самти ёрии методӣ ба омӯзгорон дар МТМУ №21, аз тарафи масъулини соҳа дар ноҳия гузаронида шуд.

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.