АРҶГУЗОРИ БА ҚАҲРАМОНӢ ВА АНЪАНАҲОИ ПУРШАРАФИ ҶАНГИИ ПАДАРОН

Вахш:  

 

Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки дар арафаи таҷлили  79-умин солгарди он қарор дорем, бар ивази ҷони супурдаи 26 миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.

Бо мақсади арҷгузори ва гиромидошти поси хотири бузузргон, шаҳидони роҳи Ватан  ва дар ин замина огоҳ намудани насли ҷавон аз корнамоиҳои падарон ва қаҳрамонони Ватан дар МТМУ №13 ба муносибати ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки васеъи хонандагону омӯзгорон чорабини фарҳангиву оммавӣ баргузор карда шуд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.