ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ТАРАФИ АЪЗОЁНИ ОН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърих ва тамаддуни умумибашарӣ гувоҳ аст, ки тоҷикон қадимтарин маскунони сарзамини паҳновари Осиёи Миёна буда, аз давраҳои қадимтарин нисбати муқаддасоти табиат, бахусус об эҳтироми хоса доштанд. Ин хислати азалии хоси ин миллати бостонӣ дар давраҳои пурпечу тоби таърих аз байн нарафта, то ба имрӯз чун суннати аҷдодӣ омада расидааст. Дар ҷаҳони муосир низ танҳо тоҷикон бо пешниҳодҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳони оиди одилона тақсим намудани оби тоза далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Тоҷикистон, ки сарчашмаи оби тоза дар минтақа ва ҷаҳон аст дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаббус ба миён гузошта буд, ки таъмин намудани дастрасӣ ба обҳои ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об амалӣ карда шавад.

 Дар ин раван ба мақсади таъмин намудани тамоми аҳоли бо оби ошомаидании тоза аз тарафи Ҳукумати кишвар ва шахсони саховатманду хайрхоҳ ва аъзоёни ҲХДТ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуда истодааст, ки ин навбат аз тарафи аъзоёни ТИ “Иттифоқ” тариқи ҳашар ба  МТМУ №65  хатҳои оби ошомидани кашида шуда, инчунин макони нигоҳдошти об, яъне обанборҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.