Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърихи 24-уми феврали соли 2024 дар асоси нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар МТМУ №24 дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ” Соати сиёсӣ доир гардид.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ оид ба баргузории дарсҳои сиёсӣ арзёбӣ намуданд.

Дар рафти машғулиятҳои доиргардида, омӯзгорон ба хонандагон оиди дуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд. 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш