Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таърихи 24 феврали соли 2024 дар МТМУ №45 дар асоси нақша чорабини КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Дарси сиёсӣ  дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ” доир гардид.  Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму сари вақти оид ба  баргузории дарсҳои сиёси арзёбӣ намуданд.  Дар рафти машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ба хонандагон оиди дуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротию террористи маълумотҳо пешниҳод намуданд. 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.