БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ СОАТИ СИЁСӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар замони пуртазод ва бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръати илму техника пайдо гардидани хатару таҳдидҳои нав тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки яке аз ин пайомадҳо ин терроризму экстремизм мебошад, ки дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи мо низ аз ин хатар эмин намебошад.

Дар ин асно ба мақсади огоҳ намудани насли ҷавону наврас аз хавфу хатари ин пайомадҳои нангин дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раёсати Маорифи вилоят ҷамъбасти ҳар моҳ дарсҳои сиёсӣ дар мавзуъҳои мухталиф дар муассисаҳои таълимии ноҳия доир карда мешавад, ки мавзӯи дарси навбатиро “Терроризм ва хатари он ба ҷаҳони муосир” дар бар гирифта дар МТМУ №47 баргузор карда шуд, ки дар рафти дарс ба хонандагон хавфу хатар ва мақсади террористон ва гурӯҳҳои ифротиро фаҳмониданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш