ОБИ ТОЗА – ОМИЛИ АСОСИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Об беҳтарин муъҷизаи табиат буда, ҳастии ҳаёти инсонро ташкил медиҳад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз як млрд аҳолӣ аз оби ошомиданӣ маҳрум ҳастанд, 2.5 млрд. аҳолӣ аз истифодаи оби доимӣ танқисӣ мекашанд. Дар 80 давлати дунё оби нӯшокӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза нест. Ин боиси кам умрии одамони ин давлатҳо шуда метавонад, чунки экология, муҳит ва тозагии об ин синтези экологияи муосир мебошад. Ба зиёда аз 1, 2 млрд. аҳолии ҷаҳон хушксолӣ таҳдид мекунад. Аксарияти сокинони сайёра аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва хушксолии пай дар пай ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд ва ин боиси фавти онҳо мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҳисоби истифодаи об ба талаботи меъёрҳои санитарию гегенӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамасола беш аз 5 миллион нафар одам аз олам чашм мепӯшанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд. Зиёда аз 3 млрд. инсон аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дар асоси ташаббусҳои ҳизбӣ аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб дар ташкилотҳои ҳизбӣ амалҳои хайру савоб дар ин самт бо маром идома дорад, ки ин навбат тариқи ҳашари дастаҷамъона аз тарафи  аъзоёни  ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” ба  МТМУ №65, тариқи қубурҳои огбгузар аз 500 метр оби ошомиданӣ кашонида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш