САҲМГУЗОРИИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии гирду атрофи маҳалли зист, роҳҳои мошингарду пиёдагард ва ҷуйборҳои обгузари маркази ноҳия саҳмгузорӣ намуда истодаанд, то ки ҷашнвораҳои муҳими сиёсии кишварро бо дастовардҳои назарраси соҳавӣ ва корҳои ободонӣ пешвоз гиранд.

Воқеан  дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ авҷ дорад, дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки масъулин ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб бо маром доир гардида истодааст, ки ин навбат аъзоёни ин ташкилот дар  маҳаллаи Б.Ғафуров ба мумфаршкунии пиёдаравҳои ҳудуди маҳал машғул гардида,  дар ин самт 700 метр роҳи пиёдагардро мумфарш намуданд ва ин амали созанда боз ҳам идома дорад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш