САФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ МЕАФЗОЯД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Вахш чорабинии супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша бо шукӯҳу шаҳомоти хоса баргузор мегардад. Таърихи 8 феврали соли 2024 ба як қатор аъзоёни нави ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Пайравони Сино” аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Ватанзода С.В., дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуд.

Ҳамзамон, мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ироа намуда буданд, ёдовар шуданд. Дар ин асно аъзоёни нави ҳизб ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки аъзои ҳизб будан ва дар сафи ин ҳизби пешгом будан ин ифтихору шарафи баланд мебошад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш