САҲМИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ КАБУДИЗОРКУНӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ва дар ин радиф ба "Кишвари Сабз" табдил додани ватани азизамон бо ташаббуси аъзои фаъоли ҲХДТ ҳамзамон вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ризоев Нуралӣ, тариқи хайрия ба тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ба миқдори 650 адад дастрас карда шуд, ки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ бо як руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дар маркази ноҳия, шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва Ваҳдат, назди муассисаҳои таълимии ноҳия боғчаҳои кӯдакона ва майдони Парчами давлатии ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада  “Аксияи ниҳолшинонӣ” ташкил намуда, саҳми хешро дар ободонии як гӯшаи кишвари азизамон гузоштанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш