САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маориф манбаи асосии рушди миллӣ буда, дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда бозида, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф ба ҳисоб меравад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” ин гуфтаҳои волои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ро сармашқи кори худ намуда, гирду атрофи МТМУ №65 тариқи ҳашар панҷарабандӣ намуданд..

Аз рафти кор дар самти иҷрои нақшаҳои дар пеш истодаи ташкилоти мазкур масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда, ба корҳои анҷом ёфта дар ин самт баҳои баланд доданд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш