ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон гардид. Саҳми Президенти мамлакат дар нуфуз пайдо кардани соҳаи маориф ва боло бурдани мавқеи омӯзгор ниҳоят бузург аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама Паёмҳои худ дар масъалаи маориф суханронӣ намуда, қайд менамоянд, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад... 

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад, ки дар ин асно масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар МТМУ №2 дидан намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш