ДИЁРАМОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Паём раҳнамову раҳкушои миллати тоҷик буда, чун анъана ҳамасола барои мардум  ба хотири корҳои ободониву созандагӣ руҳу илҳоми тоза мебахшад. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар Паёми навбатии хеш иброз намуда буданд, оиди сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист ва бад ин васила ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони азиз, аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Вахш корҳои созандагиву бунёдкори бо маром идома дорад.

Дар ин асно аз тарафи аъзои фаъоли ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон Ризоев Нуралӣ дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳия ва ҷамоати шаҳрак “Аксияи ниҳолшинонӣ” ташкил карда шуд, ки дар рафти он муовини раиси  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Н.,  масъулини кумитаи ноҳиявӣ, волонтёрон, аъзоёни фаъоли ҳизб  ва аҳолии ноҳия иштирок намуда, дар ин самт саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш