ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бешубҳа амалигардонидани  нақшаҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Вахш, як гӯшаи зебои диёр   барои боз ҳам бою диданӣ  гардидани табиати биҳиштосо ва зебоиҳои камназири Тоҷикистони азиз боис гардида, бори дигар аз   амалҳои    ободонию созандагӣ ва фарҳангӣ зебоишиносии мардуми мо   гувоҳӣ медиҳад. Ва ин амалҳо ба ҷалби даҳҳо меҳмомонону саёҳони хориҷӣ  ва муаррифии  он дар хориҷ боис мегардад.Сокинони  ноҳия   дастури Роҳбарияти Олии кишварро  бобати сарсабзу ободу назарраббо гардонидани  муҳити зист ки дар паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат иброз намуда буданд  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, кушиш намуда истодаанд, ки Тоҷикистони азизро ба кишвари сабз табдил диҳанд.

Дар асоси  нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, оид ба  сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист, дар якҷоягӣ бо аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ аксияи ниҳолшинони ташкил намуданд, ки дар рафти аксияи фаъолони ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба шинонидани дарахтони сояафкану ороиши саҳми хешро дар ободонии кишвар ва ноҳия гузошта истодаанд. 

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.