САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Ҳамин боварӣ ва эътиқоди ҷонибдорон ва аъзоёни ҲХДТ аст, ки аъзоёни ТИ “Фидокор” сарҷамъона ба корҳои созандагиву ободонӣ камари ҳиммат баста тариқи ҳашари дастаҷамъона толори варзишии МТМУ №16-ро пурра аз навсозӣ намуда истодаанд, ки аз рафти корҳои сохтумони масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда, ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, изҳори сипосу минадорӣ намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш