ҶАРАЁНИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша чорабиниҳои кумитаи ноҳиявӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия бо шукургузори аз фазои сулҳу суботи амиқи кишвар дарсҳои сиёсӣ, дар зери таъассуроти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи 27 -уми январи соли 2024 дар МТМУ №45 баргузор карда шуд.

Омӯзгорон ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ маънидод намуда ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ба хонандагон оид ба шарҳу тавзеҳ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар Паёми навбатии худ дар масъалаи саводнокӣ ва омӯзиши илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ дастур дода буданд,  ибрози андеша намуда, мафҳум ва муҳтавои Паёмро ба хонандагон бори дигар расониданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш