Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Дарсҳои сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, санаи 27-уми январи соли 2024, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” миёни хонандагони муассисаи мазкур Соати сиёсӣ доир карда шуд.

Дар “Соати сиёсӣ” ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 аз ҷониби омӯзгорон вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархурди манфиатҳо, задухурдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё  қайд карда шуда, ба хонандагон фаҳмонида  шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он воқеаҳои мудҳише, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ пайваста истодааст бетараф буда наметавонад. Дар асоси сиёсати дарҳои кушод, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тинҷию оромӣ, сулҳу субот буда, дилхоҳ намуди таъсиррасониро, ки ба ҷони одамизод хатар эҷод менамоянд маҳкум месозад.

Машғулияти мазкур дар МТМУ №48 миёни хонандагон бисёр шавқовару рангин доир карда шуда, бо ибрози ақида ва саволу ҷавоб вобаста ба руйдоду воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардид.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш