АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ СОАТҲОИ СИЁСӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Халқи тоҷик аз азал миллати сулҳхоҳу тамаддунофар буда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бори дигар ба ҷаҳониён худро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуданд ва хушбахтона имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ аз мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат дарси сулҳ меомӯзанд.

Дарси сиёсӣ ки мавзӯи он “Тоҷикон аз азал сулҳпарваранд” буд дар МТМУ №65-и ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ба хонандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” шарҳу тавзеҳо дода шуд.

Инчунин аз тарафи омӯзгорон ба хонандагон оид ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ва таърихи пурғановати гузаштаи миллат ёдовар шуда, бо саволу ҷавобҳо дарсро баргузор намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш