ОБОДИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш оид ба сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист қайд намуда буданд, яъне Тоҷикистони азизро ба кишвари сабз табдил додан.

Ба ҳамин хотир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рузобод” дар Ҷамоати шаҳраки Киров бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ҳашарҳои дастаҷамъона доир намуда, ба шинонидани дарахтони ороишу мевадиҳанда саҳми хешро дар сарсабз гардонии муҳити зист гузошта истодаанд.

Аз рафти ҳашари дарахтшинонӣ дар ин ташкилот масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш- дидан намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш