ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ  ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023, ироа намуда буданд, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар асоси нақша чорабиниҳои ба тавсиб расида  дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона, аз қабили шинонидани дарахтони ороишиву мевадиҳанда, гулҳои мавсимӣ, нарм намудани заминҳо ва тоза намудани муҳити зист ба ҳашар баромада, таърихи 20 январи соли 2024, аз тарафи аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб дар ТИ “Иттифоқи” ҷ/д Машъал дар ин самт як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш