ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ҷиҳати ба сафи ҳизб қабул намудан, ба як гурӯх кормандони, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки ба сафи хизб аъзо шуданд шаходатномаҳои ҳизбияшонро дар вазияти тантанавӣ такдим намуданд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.