Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  вобаста ба баргузории Дарсҳои сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, санаи 30-юми декабри соли 2023,  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷахон” миёни хонандагони муассисаи мазкур Дарси сиёсӣ доир карда шуд.

    Дар “Дарси сиёсӣ” ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 аз ҷониби омӯзгорон вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳони, бархурди манфиатҳо, задухурдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, ноороми дар баъзе давлатҳои дунё  қайд карда шуда, ба хонандагон фаҳмонида  шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он воқеаҳои мудҳише, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ пайваста истодааст бетараф буда наметавонад. Дар асоси сиёсати дарҳои кушод, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тинҷию оромӣ, сулҳу субот буда, дилхоҳ намуди таъсиррасониро, ки ба ҷони одамизод хатар эҷод менамоянд маҳкум месозад.

         Машғулияти мазкур дар МТМУ №57 миёни хонандагон бисёр шавқовару рангин доир карда шуда, бо ибрози ақида ва саволу ҷавоб вобаста ба руйдоду воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳони хеле шавқовар ҷамъбаст гардид.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.