ДАРСИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

   Дар асоси нақша чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои кумитаи ноҳиявӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия бо шукургузори аз фазои сулҳу суботи амиқи кишвар дарсҳои сиёсӣ, дар зери таъассуроти паёми Пешвои миллат, таърихи 30 - юми декабри соли 2023 дар  МТМУ №12 баргузор карда шуд. Омӯзгорон  ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақти маънидод намуда ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

         Омӯзгорон ба хонандагон оид ба шарҳу тавзеҳ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар паёми навбатии худ дар масъалаи саводноки ва омӯзиши илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ дастур дода буданд,  ибрози андеша намуда, мафҳум ва муҳтавои Паёмро ба хонандагон бори дигар расониданд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.