СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №2

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

 

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия соати сиёсӣ баргузор гардид. Аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии ҷомеа суханронӣ карда шуданд. Ҳамзамон дар хониши сиёси оиди тарбияи ҷавонон дар руҳияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи кадрҳои баландихтисос, интихоби дурусти касб, иззату эхтироми омузгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуданд.

 

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш