Корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани одам ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки хона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд. Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани нова (латок) камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, кучаву хиёбонҳои ҷамоати деҳоти Рудакиро нова (латок)  карда истодаанд ва аз рафти кори онҳо Ватанзода Умед -мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дидан намуд.

Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеҳо ҳамасола аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад. Воқеан  дар ин рӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ дорад ва мардуми сарбаланди ноҳияи Вахш низ ин иқдомро сармашқи кори хеш намуда, дар бунёдкорию ободкорӣ саҳми хешро гузошта истодаанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш