САРСАБЗГАРДОНӢ –МАҚОМУ МАРОМИ МОСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва идораҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Санаи 21 декабри соли равон аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коммунали”-и ноҳияи Вахш бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар назди майдони “Парчами давлатӣ”-и ноҳияи Вахш якдилона ба ҳашар баромада, дар заминҳои назди майдон зиёда аз 1000 адад гулҳои рангаи мавсимӣ шинониданд. Бояд қайд намуд, ки кормандони идораи коммуналӣ баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани маркази ноҳия пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш