ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани одам ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки хона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд. Қобили қайд аст, ки вақти таъмири хона, вобаста ба шароит, на танҳо ҷойҳои вайронро таъмир кардан зарур меояд, балки камбудиҳоеро, ки пештар буданд, мутобиқи имкон бартараф кардан лозим аст. Дар ҳолате ки гирду атрофи хона тозаю мусаффо бошад, дохили хона ҳам тоза мемонад. Ҳар ҳафта ҷуйборҳои назди хона ва ҳавлиро тоза кардан лозим аст, то ин ки маҷрои об озод шуда, аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯи талабот бошад.

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии маҳалли зист саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Воқеан дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд, ки дар ин асно аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ корҳоро пурзур намудаанду ба корҳои созандагиву ободонӣ машғул мебошанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш