ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маориф манбаи асосии рушди миллӣ буда дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда бозида, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини маориф ба ҳисоб меравад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад, ин навбат масъулини кумита аз рафти сафолакпушкунии роҳравҳои мактаб интеранати ноҳия дидан намуда, ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш