ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ ҲИЗБИЁН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад, аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври назаррас рушд кард.

Санаи 14 декабри соли 2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади аз наздик шинос шудан аз рафти таъмири муассисаҳои таълимӣ сафари корӣ анҷом доданд. Зимни сафари корӣ масъулин, аз муассисаҳои таълими №69-Ҷ/д Машъал дидан намуданд. Зимни боздид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби масъулин таъкид ба он оварда шуд, ки таъмир хеле босифат ба анҷом расонида шавад ва барои анҷоми корҳо дар ин самт аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш