ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ АМАЛӢ МЕГАРДАД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии гирду атрофи маҳалли зист, роҳҳои мошингарду пиёдагард ва ҷуйборҳои обгузар машғул буда, тасмим гирифтаанд, ки ҷашнвораҳои муҳими сиёсии кишварро бо дастовардҳои назарраси соҳавӣ ва корҳои ободонӣ пешвоз гиранд. Воқеан  дар ин рӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ авҷ дорад. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки масъулин ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб бо маром доир гардида истодааст.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш