БА ҚАДАМҲОИ СОЗАНДАВУ УСТУВОР АРҶ МЕГУЗОРЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

10 декабр дар баробари дигар ид ва рӯйдодҳои таърихии кишвар, яке аз ҷашнҳое ба ҳисоб меравад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали барқарорсозии сохти Конститутсионӣ, пайгирии сулҳу субот, хомӯш кардани ҷанги таҳмилӣ, баргардонидани гурезаҳо ва дигар мушкилоти бавуҷудомадаи пешорӯи мамлакат ҷаҳду талош варзида, ҳиссаи ногусастании худро гузоштааст. 29 қадами устувори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мушкилот ва шебу фарозиҳои худро дошт, то имрӯз муваффақона тай карда шуда, самараи созандагию бунёдкории худро ба бор оварда истодааст.

Бахшида ба ин санаи муҳим, таърихи 6 декабри соли равон дар толори маҷлисии МТМУ №56 чорабини тантанавӣ ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси ноҳия Шарифзода М, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ватанзода С.В  ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб баргузор гардид, ки дар охир як қатор фаъолон ки саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои ҳизб гузоштаанд бо “Сипосномаҳо” – и КИ ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш