АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ СОАТИ СИЁСӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Дар МТМУ №3-и ноҳия Соати сиёсӣ дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба муққадасоти миллӣ”дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар машғулиятҳои доиргардида аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.

Инчунин омӯзгорон ба хонандагон оид ба парчамдории миллати тоҷик ва аз таърихи пурғановати гузаштаи миллат ёдовар шудаанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш