АЗ РАФТИ АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ “СОАТИ СИЁСӢ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми ноябри соли 2023 дар  МТМУ №44 Соати сиёсӣ дар мавзуи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳию ҳувияти миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи мазкур ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақтӣ маънидод намуда, баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш