ОБОДОНӢ МАРОМИ МОСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллию сиёсии дар пешистода корҳои ободонӣ бо маром дар ноҳияи Вахш идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ саҳми худро гузоранд.

Аз ин лиҳоз, онҳо бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромадаанду корҳои назаррасро дар ин самт ба анҷом расонида истодаанд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №18 дидан намуданд ва ба онҳо маълумот дода шуд, ки бинои мазкур аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб роҳандозӣ гардида, дар оянда низ тасмим гирифтаанд чунин корҳоро идома диҳанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш