МАОРИФ СОҲАИ КАЛИДИИ СИЁСАТИ КИШВАР

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ба дастовардҳои бузурги соҳавӣ таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”- и ноҳияи Вахш бо маром идома дорад.

Масъулини кумита дар ноҳия аз рафти корҳои сохтумонии синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №48-и ҷ/ш Кирови ноҳия дидан намуданд. Дар рафти вохӯрӣ иттилло дода шуд, ки аъзоёни фаъоли ҳизб тасмим гирифтаанд, ки тариқи ҳашар 4 синфхонаи иловагиро ба муносибати ҷашнвораҳои муҳими кишвар сохта ба истифода диҳанд .

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш