ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии ҲХДТ, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Дар ин  асно масъулини кумита аз рафти корҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷ/ш Вахш дидан намуданд, ки аъзоёни ташкилоти мазкур машғул ба корҳои ободонӣ буданд ва маълумот дода шуд, ки аъзоёни ташкилот тасмим гирифтаанд, ки 200 метр системаи  қубур  ва  корезҳо  барои  партофта  дур  кардани  ифлосиҳо (Канализатсия)-ро дар маркази ноҳия таъмир намуда, қубурҳои нав насб намуда истодаанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш