Кӯмаки нафақаи ҳизбӣ барои маъюбон

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гуруҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба дидорбинии ду нафар маъюби гуруҳи 1-ум сокинони Ҷамоати шаҳраки Вахш Гулова Сайлигул, Назаров Бобохон рафта, ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии  моҳи октябри соли 2023-ро дар ҳаҷми 500 сомонӣ расониданд ва аз шарту шароити зиндагии онҳо дидан намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш