Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №7

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-юми октябри соли 2023 дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории Соатҳои сиёсӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Вахш дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” Соати сиёсӣ доир карда шуд.

Дар Соати сиёсӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби омӯзгорон вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархурди манфиатҳо, задухурдҳои мусаллаҳона, қатлу куштору ғорат, нооромӣ дар баъзе давлатҳои дунё қайд карда шуда, ба хонандагон фаҳмонида шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он воқеаҳои мудҳише, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ пайваста истодааст бетараф буда наметавонад. Дар асоси сиёсати дарҳои кушод, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамешагӣ ҷонибдори тинҷию оромӣ, сулҳу субот буда, дилхоҳ намуди таъсиррасониро, ки ба ҷони одамизод хатар эҷод менамоянд маҳкум месозад.

Машғулияти мазкур дар МТМУ №7 миёни хонандагон бисёр шавқовару рангин доир карда шуда, бо ибрози ақида ва саволу ҷавоб вобаста ба руйдоду воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣҷамъбаст гардид.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш