РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқи демократии Тоҷикистон, имрӯзҳо аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Дар ин раванд аз тарафи аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бобоҷон Ғафуров”-и ноҳияи Вахш тариқи ҳашар 1-км роҳ асфалтпӯш карда шуда, ин иқдоми нек дар дигар ташкилоту маҳаллаҳо идома дорад.

Аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар ташкилоти мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дидан намуда, ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш